Кӯлоб: Гумонбарии нозири мизи ҳарбӣ ба порадиҳӣ

Ба истеҳсолоти суди ҳарбии гарнизони Хатлон нисбати нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми порадиҳӣ парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид. Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пиров ба порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб гумонбар […]

Сайраҳмон Назриев


Ба истеҳсолоти суди ҳарбии гарнизони Хатлон нисбати нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми порадиҳӣ парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пиров ба порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб гумонбар дониста мешавад.

Тибқи маводи тафтишот, парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ҳамин ҷамоат, наваскар Э.Шеров мутобиқи моддаи 375, қ. 1-и КҶ ҶТ (Фирор аз хизмати ҳарбӣ) дар истеҳсолоти прокуратураи гарнизони Хатлон қарор дошта, нозир Маҳмуд Пиров аз корманди прокуратураи ҳарбӣ дархост мекунад, ки наваскар Э.Шеров ба маҳкама кашида нашавад ва барои ин ба сифати пора ба ӯ 500 доллари ИМА пешниҳод мекунад.

Рӯзи 24-уми сентябри соли равон Маҳмуд Пиров бо далели шайъӣ боздошт шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора) айбнома пешниҳод гардид.

Зимнан зикр гардид, ки дар парвандаи ҷиноии мазкур падари наваскар Мӯсо Шеров ва яке аз наздикони ӯ Абдураҳмон Шеров низ ҳузур дошта, дар фурсати наздиктарин суд ба баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур оғоз мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.