Президент шахси навро ба ҳукумат овард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро идома медиҳад. Имрӯз бо фармони президент вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов аз мансабҳояшон сабукдӯш гардиданд. Собиқ мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо Шамсддин Орумбков вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро идома медиҳад.

Имрӯз бо фармони президент вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов аз мансабҳояшон сабукдӯш гардиданд.

Собиқ мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо Шамсддин Орумбков вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева ба ҷойи М.Маҳмадаминов таъин карда шуданд.

Бо фармони президент Қосим Қосимов аз нав вазири кишоварзии ҷумҳурӣ таъин гардида, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов ва вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар мансабҳои худ боқӣ монданд.

Айни замон тақдири нахуствазир, се нафар муовинони ӯ, вазирони корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисоду савдо, маорифу илм ва раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонанд.

Рӯзи чоршанбе бо фармонҳои президент вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов низ дар мансабҳои худ боқӣ монда, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев аз вазифааш озод ва ба ҷойи ӯ собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо вазири мудофиа таъин гардид.

Рӯзи сешанбе бошад, бо фармони президент собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов муовини аввали нахуствазир ва ба ҷойи ӯ собиқ раиси ВМКБ Қодири Қосим раиси ин Кумита таъин шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.