Кабирӣ ба аёдати хонаводаҳои аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ рафт

Субҳи имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН ба аёдати хонаводаҳои Тоҷиев Умедҷон ва Иброҳимов Зуҳур, ду узви боздоштшудаи ҳизб аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара рафт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, ҲНИТ барои ҳимоя аз Зуҳур ва Умедҷон аз ҳама имкониятҳо дар чорчӯби қонун […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН ба аёдати хонаводаҳои Тоҷиев Умедҷон ва Иброҳимов Зуҳур, ду узви боздоштшудаи ҳизб аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара рафт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, ҲНИТ барои ҳимоя аз Зуҳур ва Умедҷон аз ҳама имкониятҳо дар чорчӯби қонун истифода хоҳад кард.

«Хонадони боздоштшудаҳо ба роҳбари Наҳзат гуфтанд, ки фарзандони онҳо гуноҳе надорад, балки ба онҳо туҳмат задаанд. Дар иваз, Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ӯ бо вакилони дифоъ ва муфаттишони онҳо суҳбат хоҳад кард ва агар имкон бошад, бо худи боздоштшудаҳо низ мулоқот хоҳад намуд», – омадааст дар иттилои сомона.

Гуфта мешавад, сипас қарор аст бо аъзо ва фаъолони ҳизб дар деҳаи Чоркуҳ ва ҳамчунин дар шаҳри Исфара мулоқот сурат бигирад. Муҳиддин Кабирӣ дирӯз бо як ҳайати баландпояи ҳизб сафари хеш ба вилояти Суғдро оғоз карда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода

дархости вакилӣ ирсол намуд

, ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов хоҳиш карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.