Сафири Русия бо сафари корӣ дар Суғд қарор дорад

Чанде қабл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки рӯзи 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ташриф овард, мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи мавҷуда дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои таҳкими робитаҳо дар ояндаро мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки рӯзи 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ташриф овард, мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи мавҷуда дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои таҳкими робитаҳо дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қоҳир Расулзода зимни мулоқот аз густариши рӯзафзуни равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Русия изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ҷумла зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ вилояти Суғд бо вилоятҳои Иваново, Свердловск, Оренбург, Астрахан, Саратов ва кишвари Олтойи Федератсияи Русия робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли 2013 ҳаҷми табодули мол миёни вилояти Суғд ва Федератсияи Русия нисбат ба солҳои пешин афзоиш ёфта, ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба Федератсияи Русия беш аз 15 миллион долларро ташкил мекунад. Дар навбати худ аз Русия ба вилояти Суғд ба миқдори 324 миллион доллари ИМА маҳсулоти гуногун ворид карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Игор Лякин-Фролов ба ҳайси сафири Русия  дар Тоҷикистон  бори аввал ба вилояти Суғд ташриф овард. Ин дипломати рус зимни сафари кории худ, ки 2 рӯз идома меёбад, аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.