Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Литва дар Брюссел

Чанде қабл дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи вохӯрии вазирони корҳои хориҷи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Литва, ки дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ мекунад, вохӯрии дуҷониба барпо намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи вохӯрии вазирони корҳои хориҷи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Литва, ки дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ мекунад, вохӯрии дуҷониба барпо намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор, инчунин мансабдорони аршади Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷӣ ва Комиссияи Аврупо ҳузур доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуда, оид ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, инчунин рафъи хатарҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо аз мораторияи ҳукми қатл, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, инчунин дигар ислоҳоти дар соҳаи волоияти қонун татбиқшаванда истиқбол намуд.

Тибқи иттилои нашршуда, дар идомаи ин сафари корӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо Комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пибалгс вохӯрд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва дигар ашхоси баландпояи Комиссияи Аврупо ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои дуҷонибаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон татбиқшаванда муҳокима гардиданд.

Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2020 дар меҳвари мулоқоти мазкур қарор дошт. Аз ҷумла, Комиссари Аврупо қайд кард, ки тибқи барномаи дарпешистода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба 250 миллион евро ҷудо карда мешавад.

Ҷонибҳо инчунин тасдиқ намуданд, ки барномаи мазкур аз чунин соҳаҳо иборат хоҳад буд: маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот.

 Ҳамрохон Зарифӣ ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба ислоҳоти соҳаи маориф, волоияти қонун, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон равона гардидааст, миннатдорӣ баён намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.