Амонулло Ҳукуматулло дар рухсатии меҳнатӣ аст

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло айни замон дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дода, вале оид ба дар куҷо истироҳат доштани раиси корхона маълумот надоданд. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар сатҳи роҳбарони […]

ASIA-Plus


Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло айни замон дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дода, вале оид ба дар куҷо истироҳат доштани раиси корхона маълумот надоданд.

Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар сатҳи роҳбарони мақомот, ки рӯзҳои 19-20-уми ноябри соли равон дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв доир гардид, муовини сардори корхона Владимир Собкалов намояндагӣ кард.

Номи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар сархати расонаҳо қарор дорад. Аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Чанде қабл Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбати ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

парвандаи маъмурӣ

боз намуд.

Вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишон додан дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати волидони Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо яке аз волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Худи Амонулло Ҳукуматулло писари худро дар ин садамаи фоҷеабор гунаҳкор намешуморад,

вале изҳор мекунад

, ки «агар писари ман гунаҳкор бошад, бигузор қонун дар ҳаққаш кадом ҷазое, ки раво бошад, бубинад».

«Ман талабгори ягон мансаби баланд нестам, ки бо ин рафтор маро дар назди роҳбарияти давлат ва халқ сиёҳ кунанд, мақсади ман танҳо хизмати софдилона ба халқу ватан, обод кардани як гушаи кишвар аст. Чун роҳбари як корхонаи калон ободии кишварро дар ободии коргоҳам мебинам ва баҳри пешрафти кор аз тамоми имконот истифода мекунам, – гуфта буд  Амонуллои Ҳукуматулло дар изҳороти худ вобаста ба ин масъала рӯзи 23-юми октябр.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи аз мансаб барканор шудан ё дар сари мансаб боқӣ мондани роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳанӯз номаълум аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.