Гул Шералӣ аз мансаби вазирӣ барканор шуд

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералиро аз мансаб сабукдӯш кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари сарвари давлат Шавкат Бобоев вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Ш.Бобоев қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералиро аз мансаб сабукдӯш кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари сарвари давлат Шавкат Бобоев вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Ш.Бобоев қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ҳамчунин бо қарори ҳукуати ҶТ, собиқ директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» Усмоналӣ Сабзов вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардид.

Ёдрас мекунем, ки тибқи сохтори нави ҳайати ҳукумат, ки аз ҷониби президент маъқул шуморида шуд, Вазорати энергетика ва саноат ба ду ниҳод – Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Бо фармони президент ҳамчунин вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов низ аз вазифа озод шуда, бо амри президент ин вазорат барҳам дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.