Баррасии арзёбиҳои пешакии лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон

Аввали моҳи декабр дар шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон вохӯриҳои машваратӣ доир ба баррасии арзёбии пешакии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо дастгирии филиали тоҷикистонии Маркази минтақавии экологӣ ва ТҒД «Кӯҳистон» созмон дода мешаванд. Дар вохӯриҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Аввали моҳи декабр дар шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон вохӯриҳои машваратӣ доир ба баррасии арзёбии пешакии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) баргузор мешаванд.

Ин вохӯриҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо дастгирии филиали тоҷикистонии Маркази минтақавии экологӣ ва ТҒД «Кӯҳистон» созмон дода мешаванд.

Дар вохӯриҳои мазкур аз ҷумла баррасии ҳисоботи пешакии Арзёбии минтақавии экологӣ, ҳисоботи арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад оид ба сиёсати кӯчонидани аҳолӣ дар назар аст, ки барои лоиҳаи пешниҳодшудаи CASA-1000 омода шудаанд.

Машваратҳои мазкур рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Душанбе, 6-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд ва 9-уми декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегарданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ то 12-уми декабр назару шарҳҳо оид ба ин масъаларо низ қабул хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.