IFC истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистонро ба роҳ монданист

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо корхонаи фаръии ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (Гурӯҳи CCPA) дар бораи роҳандозии истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расониданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии IFC дар Тоҷикистон хабар доданд, истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳои чорвопарварии маҳаллӣ бо навъҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо корхонаи фаръии ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (Гурӯҳи CCPA) дар бораи роҳандозии истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расониданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии IFC дар Тоҷикистон хабар доданд, истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳои чорвопарварии маҳаллӣ бо навъҳои гуногуни хӯроки чорвои хушсифат, беҳбуди сифати ғизо ва солимии чорво ва ҳамчунин тақвияти рақобатпазириву хушсифатии маҳсулоти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад.

«Бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди чоряки ММД-и кишварро истеҳсол намуда, беш аз 70%-и аҳолӣ дар деҳот ба сар мебарад ва истифодаи оқилонаи имконоти бузурги ин бахш, ба коҳиши мизони камбизоативу бекорӣ мусоидат мекунад», – гуфтанд дар намояндагии IFC.

Зимнан зикр гардид, ки имзои лоиҳаи сармоягузорӣ санаи 25-уми ноябр дар Душанбе дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.