Шариф Саид аз нав раиси ПСС ҶТ интихоб шуд

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта Анҷумани VI-уми навбатии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палата, дар кори Анҷуман кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ – шарикони ПСС ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 420 нафар вакилони корхонаву созмонҳои тиҷоратӣ, иттиҳодия, […]

Аваз Юлдошев


Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта Анҷумани VI-уми навбатии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палата, дар кори Анҷуман кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ – шарикони ПСС ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 420 нафар вакилони корхонаву созмонҳои тиҷоратӣ, иттиҳодия, бонкҳо ва дигар иттиҳоди соҳибкорон – аъзои Палата ширкат вразиданд.

Дар Анҷуман ҳамчунин президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мӯнис Дерик, намояндагони сафоратхонаҳои Чин, Украина ва Белорус дар ҶТ ва ноиби президенти ПСС Қирғизистон Борис Перфилйев низ ҳузур доштанд.

Раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ба ҳозирин дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Палата давоми солҳои 2008-2013, дастовардҳои назаррас ва вижагиҳои кори ин ниҳод маълумот дод.

Гуфта мешавад, сипас тариқи раъйдиҳии кушод Шариф Саид якдилона аз нав раиси ПСС ҶТ ба муҳлати 5 соли минбаъда интихоб шуд. Асаналӣ Карамалиев ва Лариса Кислякова муовинони раиси ПСС ҶТ интихоб шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.