Боздиди ҳайати байниидоравии Русия аз АНМН

Ҳайати байниидоравии Русия бо иштироки Ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз Маркази миллии таълимии хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Мақсади сафари ҳайат аз баҳодиҳии натиҷаҳои азхудкунии кӯмакҳо […]

ASIA-Plus


Ҳайати байниидоравии Русия бо иштироки Ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз Маркази миллии таълимии хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Мақсади сафари ҳайат аз баҳодиҳии натиҷаҳои азхудкунии кӯмакҳо барои рушд, ки аз ҷониби сохторҳои СММ татбиқ шудаанд, инчунин муайян кардани рушди ҳамкориҳои минбаъда иборат мебошад.

Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров дар бораи фаъолияти Агентӣ, сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ба аъзоёни ҳайат нақл кард.Роҳбари АНМН ба меҳмонон  маълумот дод, ки дар Маркази таълимии мазкур то имрӯз на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, балки кормандони зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ савияи дониш ва малакаи касбии худро такмил доданд.

Ҳамзамон, ҳайат бо сохтор ва фаъолияти Маркази кинологӣ, инчунин фаъолияти сагҳои хизматӣ дар ошкор намудани маводи нашъаовар шинос шуд.Директори АНМН инчунин қайд кард, ки дар айни замон сохторҳои гуногуни СММ ва кишварҳои маблағгузор пешниҳодро ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимӣ оид ба бозомӯзии кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Роҳбари АНМН диққати иштирокчиёни ҳайатро ба ҳамкориҳои байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, алалхусус дар доираи Созишномаи баимзорасидаи соли гузашта миёни ХНММН ФР ва АНМН ҶТ равона намуд, ҳамзамон оид ба ҳиссаи ҶТ дар масъалаҳои мубориза бо мухаддирот дар минтаъқаи Осиёи Марказӣ муфассал нақл кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳа ва Барномаҳои СММ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.