Густариши бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

Бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан густариш ёфта, соли равон натанҳо аз Қазоқистон, балки аз Русияву Туркманистон ва ҳатто Қирғизистон низ ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон 174 ҳазору 28,9 ҳазор тонна гази […]

Заррина Эргашева


Бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан густариш ёфта, соли равон натанҳо аз Қазоқистон, балки аз Русияву Туркманистон ва ҳатто Қирғизистон низ ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон 174 ҳазору 28,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Кишвари пешсаф ҳамоно Қазоқистон боқӣ монда, ҳиссаи ин давлат дар бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 89,3% (бо нархи 590 $ барои 1 тонна), Русия – 8,5% (813 $ барои 1 тонна) ва Қирғизистон – 0,1% (569 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дода, ҳаҷми боқимонда аз Туркманистон (650 $ барои 1 тонна) интиқол дода шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 107 ҳазору 726 тонна бензин ворид карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 617 тонна камтар буда, нархи миёнаи 1 тонна бензини воридшуда 981 $-ро ташкил додааст. Дар бозори дохилии чаканаи кишвар арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ба 3,70 сомонӣ ва 1 литр бензин ба 6,40 сомонӣ баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.