Дарси маҳорати «Мактаби оҳангсозии навозандаи наврас» барои донишҷӯён

Бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК-БМ ҶТ) аз 25 то 30-юми ноябри соли 2013 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дарси маҳорати «Мактаби оҳангсозии навозандаи наврас» баргузор мегардад. Тавре аз ИҶК-БМ ҶТ хабар доданд, дар дарси маҳорат донишҷӯён ва хонандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК-БМ ҶТ) аз 25 то 30-юми ноябри соли 2013 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дарси маҳорати «Мактаби оҳангсозии навозандаи наврас» баргузор мегардад.

Тавре аз ИҶК-БМ ҶТ хабар доданд, дар дарси маҳорат донишҷӯён ва хонандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи мусиқии ба номи А. Бобоқулов ва мактабҳои махсуси мусиқии шаҳрҳои Душанбе,  Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд иштирок хоҳанд кард.  

Сатҳ ва арзиши фарҳанги мусиқиро маҳорати эҷодии оҳангсоз муайян мекунад. Аз ин рӯ, дастгирӣ ва ба таҷрибаи байналмилалии мусиқӣ ва эҷодиёти муосир пайваст намудани оҳангсозони оянда ба ибтикору ҷустуҷӯҳои эҷодии онҳо, ба баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии ҷавонон мусоидат менамояд.

Маҳорати педагогии муаллим дар тарбияи оҳангсоз нақши бузург мебозад. Шаклҳои асосии кор дар синфи оҳангсозӣ машғулияту сӯҳбатҳои инфиродии эҷодие ба шумор мераванд, ки бо назардошти хусусияту қобилиятҳои шахсии ҳар як иштирокчӣ, инчунин сатҳи тайёрии онҳо дар соҳаи мусиқӣ гузаронда мешаванд. Дарси маҳорат бо мақсади бедор кардани қобилиятҳои оҳангсозии наврасон, такмил додани нерӯи эҷодӣ, гирифтани донишҳои амалӣ бо истифода аз лабораторияҳои эҷодии оҳангсозон  ташкил карда шудааст, ки мураббии он оҳангсоз Ашӯров Шӯҳрат мебошад.

Азбаски оҳангсозӣ яке аз шаклҳои худифодасозии мусиқинавозон ба шумор меравад, дар чорабинӣ ҷавононе ҷамъ карда мешаванд, ки ба эҷодкорӣ ва таълифи асарҳои мусиқӣ майли беандоза ва лаёқату истеъдод доранд. 

Асоси таълими бастакориро омӯзиши фанҳои назариявии мусиқӣ ташкил медиҳад, аммо ҳидоят намудан ба эҷоди асарҳои мусиқӣ ва ошкор намудани малакаҳои эҷодии ҳар як оҳангсози ҷавон чандон ба назар гирифта намешавад.

Натиҷаҳои дарси маҳорати «Мактаби оҳангсозии навозандаи наврас» дар консерти эҷодӣ аз рӯи асарҳои оҳангсозони ҷавон, ки дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов баргузор мегардад, намоиш дода мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.