Эҳтимоли аз кони «Курговад» истихроҷ кардани гилхок барои истеҳсоли алюминий

Геологҳои тоҷик ба идомаи кор дар майдони ояндадори «Курговад» (Помири Ғарбӣ) бо таркиби дорои ҳаҷми кофии мусковит ва ставролит барои истихроҷи гилхох, ки ҷихати истифодаи алюминий истифода мешаванд, омодаанд. Аз Саридораи геологияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корҳои таҳқиқотии анҷомдода дар ин майдон аз мавҷуд будани минералҳо дар он гувоҳӣ […]

Заррина Эргашева


Геологҳои тоҷик ба идомаи кор дар майдони ояндадори «Курговад» (Помири Ғарбӣ) бо таркиби дорои ҳаҷми кофии мусковит ва ставролит барои истихроҷи гилхох, ки ҷихати истифодаи алюминий истифода мешаванд, омодаанд.

Аз Саридораи геологияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корҳои таҳқиқотии анҷомдода дар ин майдон аз мавҷуд будани минералҳо дар он гувоҳӣ дода, шароити мавзеъ ба сохтмони корхонаи маъдантозакунӣ имкон медиҳад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъдани ин майдон дар ҳаҷми зиёд ду навъи минерал – мусковит ва ставролит мавҷуданд, ки таносуби онҳо дар 1 млн. маъдан 15-25% ставролит ва 53% алюминий ва мусковит дар маъдан 50-60% ва алюминий 38% аст. Ғайр аз ин, дар таркиби маъдан биотит ва дар ҳаҷми начандон зиёд оҳан ва титан низ мавҷуд аст», – гуфтанд дар Саридораи геология.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, дар майдон ҳудуди 150 млн. тонна маъдани дорои ин навъи минералҳо ошкор гардида, ҳаҷми худи маъдан боз метавонад садҳо миллион тоннаи дигарро ташкил диҳад.

«Дар марҳилаи корҳои озмоишӣ дар ҳамдастӣ бо Пажуҳишгоҳи саноати Вазорати энергетика гилхоки дорои сифат ва меъёри мутобиқ ба даст оварда шуд, вале ин алҳол нокофӣ буда, барои ба ин мавзеъ додани мақоми кони истихроҷ, таҳияи нақшаи коркарди технологии ин маъдан озмоишҳои саноатӣ заруранд», – зикр кард манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки барои маблағгузории танҳо як марҳилаи таҳқиқоти геологӣ аз 1 млн. то 2 млн. доллари ИМА маблағ зарур буда, аз ин рӯ, ҷалби сармоягузори хориҷӣ мувофиқи мақсад аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.