Ҳукм нисбати журналист М.Исмоилов бетағйир монд

Ҳукми содиршуда нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов бетағйир боқӣ гузошта шуд. Рӯзи 27-уми ноябр дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мурофиаи судии кассатсионӣ таҳти раёсати судяи суди вилояти Суғд Манзура Мамадова доир гардид. Судя ба ҳузури журналистон […]

Мавлуда Рафиева


Ҳукми содиршуда нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов бетағйир боқӣ гузошта шуд.

Рӯзи 27-уми ноябр дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мурофиаи судии кассатсионӣ таҳти раёсати судяи суди вилояти Суғд Манзура Мамадова доир гардид. Судя ба ҳузури журналистон дар мурофиа иҷозат дода, вале наворбардориро манъ кард.

Шикояти адвокати журналист Садриддин Саидов баррасӣ шуда, коллегияи кассатсионӣ шикоятро рад ва ҳукм нисбати журналистро бетағйир боқӣ гузошт.

«Мо аз ҳукми суд розӣ нестем. Айбномаҳои ба зерҳимояи ман пешниҳодгардида исбот нашуданд. Ҳукми мазкур комилан бо такя ба гумону шубҳаҳо содир гардид», – гуфт адвокат. – Акнун пас аз дастрас шудани таъиноти коллегияи кассатсионӣ, аз болои он ба президиуми суди вилояти Суғд шикоят мекунем».

Ёдрас мекунем, ки 28-уми октябри соли равон дар суди ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи ноҳияи Мастчоҳ Диловар Сафаров мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба итмом расида, ӯ ба

11 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум гардид.

Журналист ҳамчунин аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар муддати се соли пас аз адои ҷазо маҳрум гардида, ба пардохти товони зарар дар ҳаҷми беш аз 5 ҳазор сомонӣ ба ҷабрдидагон уҳдадор карда шуд.

Собиқ рӯзноманигор дар содир намудани ҷиноят аз рӯйи ду моддаи  Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 қисми  2 «тақаллубкорӣ» ва 250 қисми  2 «тамаъҷӯӣ» гунаҳкор дониста шуд.

Тибқи иттилоъи паҳннамудаи ВКД Тоҷикистон, 24-уми июн ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ҳамин ноҳия Аҳадова Санавбар муроҷиат кардааст, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

Сипас, такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- оварда шудааст дар сомонаи ВКД.

Ҳамчунин Исмоилов М., зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баъди гирифтани 400-сомонӣ аз Аҳадова бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи ноябри соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯйи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ба ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам гардида, 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.