М.А.Дурронӣ: Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ та

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Замони сиёсатмадорӣ ва имконоти фаъолияти Парвиз Мушарраф чун сиёсатмадор ба анҷом расиданд ва ӯ бо тақозои мардум аз вазифааш истеъфо дод», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Сомони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба амнияти миллӣ Маҳмуд […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Замони сиёсатмадорӣ ва имконоти фаъолияти Парвиз Мушарраф чун сиёсатмадор ба анҷом расиданд ва ӯ бо тақозои мардум аз вазифааш истеъфо дод», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Сомони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ.




«Ҳукумати Покистон ба Парвиз Мушарраф имкон фароҳам сохт, то минбаъд дар ватан ё хориҷ аз он ба сар барад», – гуфт ӯ.



Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки замони ҳукмронии Мушарраф Покистон дар баробари ноил гаштан ба як қатор дастовардҳо, имконоти зиёдеро дар мубориза бар зидди терроризм истифода бурда натавонист ва дар таъмини рушди иқтисодӣ низ бисёр имконот аз даст дода шуданд.



«Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ таассуф намехӯрам, зеро он ногузир буд», – афзуд Дурронӣ.



Ёдрас мекунем, ки дар қатори давлатҳои Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ҳайати Покистон имрӯзҳо дар нишасти СҲШ чун кишвари нозир иштирок мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.