Дархости зудтар ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони сафоратхона дар Украина


Рӯзи 3-юми декабр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Украина Руслан Демченко баргузор шуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ба масоили марбут ба иҷрои қарордодҳои қаблан қабулшуда оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин робита муҳим будани амалисозии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина, ки моҳи апрели соли равон дар Душанбе доир гардид ва ҳамчунин иҷрои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо таъкид шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот Султонов дархост намудааст, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Киев ҳарчи зудтар ҳаллу фасл гардад.

spot_imgspot_img

Популярное