– Воситаҳое, ки тавассути интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 соли ахир (солҳои 2003-2013) ворид шудаанд, беш аз 19 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, – иттилоъ дода мешавад дар гурӯҳи ENT (Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон)-и шбакаи иҷтимоии Facebook.
Ба иттилои манбаъ бо истинод ба маълумоти Бонки амонатгузории Русия, соли 2006 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 834,8 млн. $, соли 2007 – 1 млрд. 632 млн. $, соли 2008 – 2 млрд. 516 млн. $, соли 2009 дар робита ба буҳрони ҷаҳонии молӣ – 1 млрд. 724,5 млн. $ ва соли 2012 аллакай – 3 млрд. 634,2 млн. $ (50%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ) маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.
Нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 678 млн. $ маблағи пулӣ интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 280,7 млн. $ зиёдтар мебошад.
Гуфта мешавад, коҳиши мизони афзоиши иқтисод дар Русия ба он оварда мерасонад, ки яқинан ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014 коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ 926 ҳазору 668 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд, ки синнусоли 89 ҳазору 405 нафарашон аз 17-сола поинтар аст.



