Ба Кодекси андоз тағйирот ворид шуд


Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз ба Кодекси андоз якчанд тағйирот ворид намуданд, ки дар онҳо озод кардани истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво аз пардохти як қатор андозҳо ва додани имтиёзҳо ба онҳо пешбинӣ мешавад.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ду корхона оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво аз пардохти як қатор андозҳо озод карда шуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов зикр кард, ки корхонаҳои «Мурғи Ҳилол» ва «Нутристар Тоҷикистон» аз пардохти як қатор андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши илова, андоз аз нақлиёт ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизоти технологӣ озод карда мешаванд.

Ба қавли ӯ, ба онҳо барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ, тухм, хӯроки чорво ва консентратҳо чунин имтиёз дода шуда, иқтидори корхонаи «Мурғи Ҳилол» истеҳсоли 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва 200 млн. дона тухм ва иқтидори корхонаи «Нутристар Тоҷикистон» (корхонаи муштараки Тоҷикистону Фаронса) истеҳсоли 142 ҳазор тонна хӯроки чорво ва консентратҳо дар як солро ташкил хоҳад дод.

«Амалисозии лоиҳаҳои мазкур ба таъмини 6 ҳазор нафар бо ҷойи кори  доимӣ ва музди меҳнати аз 750 то 1,5 ҳазор сомонӣ имкон фароҳам меорад. Маблағи пардохтҳо аз ҳисоби андозҳои иҷтимоӣ ба 20 млн. сомонӣ баробар мешавад», – гуфт муовини вазири молия.

Бино ба маълумоти Ҳакимов, арзиши лоиҳаи корхонаи «Мурғи Ҳилол» 32,1 млн. доллари ИМА ва лоиҳаи корхонаи «Нутристар Тоҷикистон» – 16,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное