ВКД хабари КДАМ дар бораи боздошти кормандаш дар Суғдро рад мекунад


– Як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд, корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нест, – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, Мансур Холмуродови аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд боздоштшуда, ки ба ҳайси корманди шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт, 25-уми феврали соли равон шаҳрванд К.-ро ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номус ба шуъбаи милиса оварда, ӯро муддати се соат ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум ва нисбати боздоштшуда ягон ҳуҷҷате тартиб надодааст.

«Аз рӯи ин далел нисбати М.Холмуродов санҷиши хизматӣ гузаронида шуда, ошкор гардид, ки ӯ мунтазам интизоми хизматиро риоя накарда, ба вайронкунии қоидаҳои хизматӣ роҳ медодааст», – гуфт Асадуллоев.

Номбурда изҳори итминон медиҳад, ки барои далелҳои зикршуда М.Холмуродов санаи 29-уми марти соли 2013 аз сафҳои милисаи тоҷик хориҷ карда шудааст.

Қаблан хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки зимни намоиши як амалиёти кормандони КДАМ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд тавассути шабакаи телевизиони маҳаллӣ оид ба боздошти шаҳрвандон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

М.Холмуродов капитани милиса

номбар шуда буд.

Дар хабар аз ҷумла зикр гардида буд, ки зимни боздошт аз автомашинаи Холмуродов беш аз 11 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт шудааст. Зикр гардида буд, ки ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт боз ду сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт гардидаанд, ки ҳамшарики ин ҷиноят буда, капитани милисаро дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати қабул ва интиқоли маводи мухаддир ба ҷойи таъинот интизорӣ доштаанд.

Гуфта мешуд, ин гурӯҳи ҷиноятпеша маводи мухаддирро аз вилояти Хатлон тариқи минтақаи шимоли кишвар ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон интиқол доданӣ буданд. Зимни амалиёт ҳамчунин як шаҳрванди 45-солаи Қирғизистон, сокини вилояти Ботканд низ дастгир шудааст, ки ҳаммаслакони худро дар макони таъъиншуда интизорӣ дошта, ин миқдор маводи нашъаоварро ба кишвари худ бурданӣ будааст.

spot_imgspot_img

Популярное