Роҳандозии муборизаи муштараки «Амонатбонк» ва Агентии зиддифасод зидди коррупсия

Дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Амонатбонк вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Бонк ва роҳбарони филиалҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ сурат гирифт, ки мақсад аз ин вохӯрӣ  маълумотнок намудани кормандон аз амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта буд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ин […]


Дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Амонатбонк вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Бонк ва роҳбарони филиалҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ сурат гирифт, ки мақсад аз ин вохӯрӣ  маълумотнок намудани кормандон аз амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ин вохӯрӣ  сардори Раёсати пешгирии коррупсионии Агентӣ, Бахтиёр Юсупов ва корманди ҳамин Раёсат  Далер Файзуллоев ширкат доштанд. Меҳмононро муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов пазироӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ Бахтиёр Юсупов перомуни пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар корхонаву сохторҳои давлатӣ аз тарафи кормандон ва инчунин дар ташкилотҳои молиявию Бонкҳо, баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна хавфҳову амалҳои коррупсионӣ, гузаронидани аудити дохилӣ, маърӯза намуд. Зимни маърӯзаи худ Бахтиёр Юсуфов ҳамчунин зикр намуд, ки танҳо  маълумотнокии кормандон дар Бонк  хавфҳои эҳтимолияти  ба вуҷуд омадани амалҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд. 

Пас аз маърӯза муовини Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов барои пешгирӣ намудани ҳамагуна амалҳои коррупсионӣ ва гузаронидани аудити дохилибонкӣ ибрози ақида намуданд. Дар хотима кормандон бо чанд суоли худ ба меҳмонон перомуни ин масъала посух гирифтанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Хадамоти матбуотии ҳарду сохтори давлатиро мебояд барои пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ бо пешниҳоди маводҳои иттилоотӣ аз қабили варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) дар филиалҳои Бонк ҳамкориро қавӣ гардонида маълумотнокии кормандон ва мизоҷони Бонкро зиёд намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.