Президенти Академияи илмҳо аз мансаб барканор шуд


Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013, Мамадшо Илолов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуд.

Мамадшо Илолов аз 3-юми феврали соли 2005 ба ҳайси президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Фарҳод Раҳимов президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таъин шуд. То ин замон Фарҳод Раҳимов мансаби муовини вазири морифи Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

spot_imgspot_img

Популярное