Коршиносон: Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ба хешовандони Раҳмонов роҳ кушод

Ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бовар дорад, ки тағйироти кадрӣ дар ҳукумат як амали рӯякие буд, то наздикони раисҷумҳур пас аз он соҳиби вазифа шаванд. “Ман ягон таъғироти ҷиддиро намебинам. Ду-се нафарро аз вазифа барканор карданду ҷойи дигаронро танҳо тағйир доданд, ки маъноитақйироти кадриро надорад. Афсус, дар интихоби […]


Ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бовар дорад, ки тағйироти кадрӣ дар ҳукумат як амали рӯякие буд, то наздикони раисҷумҳур пас аз он соҳиби вазифа шаванд.

“Ман ягон таъғироти ҷиддиро намебинам. Ду-се нафарро аз вазифа барканор карданду ҷойи дигаронро танҳо тағйир доданд, ки маъноитақйироти кадриро надорад. Афсус, дар интихоби кадрҳо маҳалбозӣ ва хешу таборбозӣ фаровон ҷой дорад. Масалан, Матлубхон Давлатов, ки бо Эмомали Раҳмон хешу таборӣ дошт аз мақомаш озод шуду ҷойи ӯро ҷиянаш Давлаталӣ Саидов гирифт. Сумангул Тағоева ҳам, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шудааст, яке аз наздикони сарвари давлат аст”, ғ мегӯяд коршинос.

Ба назари муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, дар кишварҳои пасошӯравие ки имрӯз рӯй ба автотаризм оварданд, таъғиротҳои кадрӣ бар асоси садоқати шахсӣ ба як нафар амалӣ мегардад.

“Ман фикр намекунам, ки таъғироти кадрии имрӯза ба хотири ислоҳи ҷомеа ва таъғирот дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти кишвар бошад. Чунки аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ таъғир наёфтааст ва нохоҳад ёфт”, – таъкид дошт Ҳаит.

Ба ақидаи ӯ, ҳарчанд натиҷаи интихобот ғайришафофу демократӣ буд, Эмомалӣ Раҳмон метавонист бо таъғироти кадрӣ то андозае  мардумро ба ҳукумат дилгарм созад.

Ба андешаи ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, кадрҳои навтаъиншуда ба мисли кадрҳои қаблӣ мавқеъи худро хуб нишон дода наметавонанд ва интизори назару мавқеи раисҷумҳурмешаванд. “Яъне вақте як нафар аз вазифа мегирад ё таъин мекунад, дар кишвар як системаи муайян ва принсипҳои муайян вуҷуд дошта наметавонад. Барои ҳали ин мушкил мо бояд нахуст сиёсати кишварро дигар кунем. Вақте кадри нав аз як нафар вобаста нест, мансабдор метавонад мавқеъ ва кори худро нишон диҳад.

Исмоил Талбаков, ки дар интихоботи президентии кишвар номзад аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, гуфт: “Агар ман президент мешудам, 70 фоизи аъзоёни ҳукуматро иваз мекардам ва он нафароне, ки ба ҳукумат содиқона меҳнат карда истодаанд ва саҳме гузоштанд, дар ободони кишвар аз таҷрибашон истифода мекардам”, – гуфт Талбаков.

https://www.youtube.com/watch?v=XT4Ypkz_Vh0

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.