ВКД: Афсари дар садама иштирокдошта сархуш набуд

Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов дар мавриди маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда оид ба садамаи нақлиёт бо иштироки афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ)-и ВКД санҷиш гузаронида шуд. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки садамаи нақлиёт ҳангоми автомашинаро […]


Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов дар мавриди маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда оид ба садамаи нақлиёт бо иштироки афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ)-и ВКД санҷиш гузаронида шуд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки садамаи нақлиёт ҳангоми автомашинаро ба самти қафо рондани афсари ДТММ-и ВКД рух дода, қисмати қафои автомашина каме ба зани 50-сола, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт, ки дар канори роҳ қарор доштаааст, бархӯрдааст.

«Зан ба ҷуйи обпартои канори роҳ афтода, каме осори харошида бардоштааст. Афсари дар сари чамбараки автомашина қарордошта дарҳол ӯро ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бурда, дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сипас ӯро ба хонааш ҷавоб додаанд, зеро барои бистарӣ карданаш зарурате набудааст», – зикр кард М.Асадуллоев.

Дар идома ӯ изҳор кард, ки ба гуфтаи табибони Маркази миллии тиббӣ ва худи зани ҷабрдида дар садама, афсари ДТММ сархуш набудааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари маркази матбуоти ВКД аз ифшои ному насаб ва суроғаи зани ҷабрдида худдорӣ варзида, иброз дошт, ки зани ҷабрдида ба ифшои ин маълумот хоҳиш надорад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл бо истинод ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» хабар дода будем, ки афсари Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД ҶТ рӯзи 5-уми сентябр пас аз таҷлили ҷашни 18-умин солгарди таъсиси ДТММ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

ба рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт

боис гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.