Суғд: Ваъдаи қадрдонии журналистон барои инъикоси мушкилоти рӯзмарра

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони васоити ахбори умуи маҳалливу хориҷӣ мулоқот орост. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ ҳини сӯҳбат изҳор дошт, ки расонаҳои хабариро ба худию бегона, давлатию ғайридавлатӣ ҷудо намекунад ва омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи расонаҳои хабарӣ, новобаста аз шакли моликияташон […]

ASIA-Plus


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони васоити ахбори умуи маҳалливу хориҷӣ мулоқот орост.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ ҳини сӯҳбат изҳор дошт, ки расонаҳои хабариро ба худию бегона, давлатию ғайридавлатӣ ҷудо намекунад ва омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи расонаҳои хабарӣ, новобаста аз шакли моликияташон вусъат диҳад. Дар мулоқот беш аз  50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат доштанд.

«Нақши рӯзноманигорон дар инъикоси пешравиву мушкилоти ҷомеа назаррас буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамеша омода аст» – гуфт, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд.

Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли оянда ба масъалаҳои идомаи  ислоҳоти замин, эҳёи корхонаҳои саноати сабук ва навсозии роҳҳои дохилӣ аҳмияти махсус зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки  ҳалли дурусти ин масъалаҳо  на танҳо дастсрасии бештари саҳмдоронро  ба замин, таъсиси бештари ҷои корӣ, бахусус барои занон ва  ободонии маҳалҳоро  таъмин менамояд,  балки ба  сифатан  беҳтар шудани шароити зист ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон зикр дошт, ки дар татбиқи  ин амалҳои нек  ба дастгирӣ ва пуштибонии расонаҳои хабарӣ эътимод хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин аз мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ёдовар шуда, журналистонро барои ҳамкорӣ ва таҳқиқи мӯшикофонаи масоили рӯз аз қабили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, сабабҳои иҷтимоии хушунати хонаводагӣ, худкушӣ, фасоди молӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ғайра даъват намуд.  Ҳамчунин дар ин мулоқот зикр гардид, ки барои иҷрои чунин амрҳо грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо мегардад, ки чунин амал дар вилояти Суғд бори нахуст сурат мегирад.

Дар охири мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифт ва хабарнигорон ба суолҳои худ, аз и.в Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ посух гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.