Роҳи Душанбе – Чанак пурра аз барф тоза шуд

Роҳи мошингарди Душанбе – Чанак, ки чанде қабл ба ҳаракати нақлиёт дар он бар асари боришоти зиёд мушкилот эҷод шуда буд, пурра аз барф тоза карда шуд. Бино ба иттилои филиали ширкати Innovative Road Solutions, ки ба идораи зербинои роҳи Душанбе – Чанак машғул аст, айни замон дар тамоми қитъаҳои роҳ ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин […]

ASIA-Plus


Роҳи мошингарди Душанбе – Чанак, ки чанде қабл ба ҳаракати нақлиёт дар он бар асари боришоти зиёд мушкилот эҷод шуда буд, пурра аз барф тоза карда шуд.

Бино ба иттилои филиали ширкати Innovative Road Solutions, ки ба идораи зербинои роҳи Душанбе – Чанак машғул аст, айни замон дар тамоми қитъаҳои роҳ ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин аст.

Ба иттилои манбаъ, махсусан дар қитъаи роҳ аз километри 62-юм то 73-юм баландии барф бештар буда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани тарма низ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, роҳдорони намояндагии Варзоб барои сари вақт бартараф кардани оқибатҳои тармафароию барфрезӣ фаъолияташонро аз субҳи барвақт оғоз намуда, ба онҳо муяссар гардид, ки бо ҷалби техникаҳои роҳдорӣ роҳро аз барф тоза ва қитъаҳои хавфноки онро бо маводи зиддилағзиш коркард намоянд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.