Tcell бо медали тиллои озмуни «Бренди сол» қадрдонӣ шуд

Рӯзи 12-уми декабр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки намояндагони беш аз 40 ширкат аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаҳои «Бренди сол – 2013» баргузор гардид. Яке аз ширкатҳо миёни 11 ширкате, ки бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд, ширкати «Индиго Тоҷикистон» эътироф гардид, ки таҳти […]

ASIA-Plus


Рӯзи 12-уми декабр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки намояндагони беш аз 40 ширкат аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаҳои «Бренди сол – 2013» баргузор гардид.

Яке аз ширкатҳо миёни 11 ширкате, ки бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд, ширкати «Индиго Тоҷикистон» эътироф гардид, ки таҳти бренди Tcell фаъолият мекунад.

«Мо хеле хушнудем, ки дар ин сатҳ моро қадрдонӣ карданд ва соҳиб шудан ба ин мукофот гувоҳи возеҳи мавқеи назарраси ширкат дар бозори операторони мобилии Тоҷикистон мебошад, ки бренди Tcell миёни миллионҳо муштариён писандида аст», – иброз дошт дар ин робита директори генералии ширкат Мансур Ҳамидов.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири рушди иқтисод ва садои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки имрӯз дар рушди иқтисод бахши хусусӣ нақши бузургро доро буда, изҳори умедворӣ намуд, ки қадрдонии ширкатҳо баҳри минбаъд рушду саҳмгузории онҳо дар ин самт такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренди худ мебошад.

Аз 44 иштирокчии озмун ба 12 ширкат дипломҳо ва ба 32 ширкати боқимонда ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии озмун супурда шуданд. Ба ҷоизаи тилло 11 ширкат ва бренди онҳо, ба ҷоизаи нуқра 13 ширкат ва ба ҷоизаи биринҷӣ 8 ширкат сазовор дониста шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.