Медали биринҷии гӯштингири тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар мусобиқоти Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (то 21-сола) оид ба дзюдо дар шаҳри Хайнани Чин гӯштингири тоҷик Санавбар Шанбиев (вазини 100 кило) ба медали биринҷӣ соҳиб шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин мусобиқот дастпарвари бошгоҳи варзишии «Вастан» Санавбар Шанбиев бар ду дзюдочиии чинӣ ғолиб омада, аз гӯштингири ҷопонӣ […]

ASIA-Plus


Дар мусобиқоти Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (то 21-сола) оид ба дзюдо дар шаҳри Хайнани Чин гӯштингири тоҷик Санавбар Шанбиев (вазини 100 кило) ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин мусобиқот дастпарвари бошгоҳи варзишии «Вастан» Санавбар Шанбиев бар ду дзюдочиии чинӣ ғолиб омада, аз гӯштингири ҷопонӣ шикаст хӯрдааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар ин шаҳр (11-12-уми декабр) Чемпионати VII-уми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон (то 17-сола) доир гардида, намояндагони Тоҷикистон – Адҳам Мисҳоқов дар вазни то 73 кило ба медали тилло, Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ба медали нуқра ва Фаррух Салимов длар вазни 81 кило ба медали биринҷӣ соҳиб шуданд. Дар мусобиқоти шаҳри Хайнан 11 варзишгари тоҷик ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.