Табибони бахши эндокринологияи тоҷик дар конфронси дурӯзаи байнулмилалии илмиву амалӣ дар Маскав таҳти унвони «Масоили рӯзмарраи эндокринология дар ҷаҳони муосир», ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кмитаи иҷроияи ИДМ, ин чорабинӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии касалии қанд (диабет) бо ташаббуси Сарраёсати тиббии дастгоҳи президенти Русия, Вазорати тандурустӣ ва дастгирии Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ ва робитаҳо бо ҳамватанони Русия созмон дода мешавад.
Гуфта мешавад, дар кори конфронс мутахассисони варзидаи ин соҳа аз Русия, Белорус, Украина, Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон ширкат хоҳанд варзид.
Эндокринология як қисмате аз илми тиб аст, ки сохтор, вазифа ва бемориҳои узвҳои тарашшуҳоти дохилиро дарбар мегирад.



