Табибони тоҷик дар конфронси байнулмилалии Маскав

Табибони бахши эндокринологияи тоҷик дар конфронси дурӯзаи байнулмилалии илмиву амалӣ дар Маскав таҳти унвони «Масоили рӯзмарраи эндокринология дар ҷаҳони муосир», ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кмитаи иҷроияи ИДМ, ин чорабинӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии касалии қанд (диабет) бо ташаббуси Сарраёсати тиббии дастгоҳи президенти Русия, Вазорати тандурустӣ ва […]

ASIA-Plus


Табибони бахши эндокринологияи тоҷик дар конфронси дурӯзаи байнулмилалии илмиву амалӣ дар Маскав таҳти унвони «Масоили рӯзмарраи эндокринология дар ҷаҳони муосир», ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кмитаи иҷроияи ИДМ, ин чорабинӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии касалии қанд (диабет) бо ташаббуси Сарраёсати тиббии дастгоҳи президенти Русия, Вазорати тандурустӣ ва дастгирии Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ ва робитаҳо бо ҳамватанони Русия созмон дода мешавад.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс мутахассисони варзидаи ин соҳа аз Русия, Белорус, Украина, Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон ширкат хоҳанд варзид.

Эндокринология як қисмате аз илми тиб аст, ки сохтор, вазифа ва бемориҳои узвҳои тарашшуҳоти дохилиро дарбар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.