Ҳайати нави ҳукуматро парлумон бидуни баррасӣ тасдиқ кард

Дар иҷлосияи имрӯзаи ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби президент пешниҳод гардид, якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ шуд. Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки аъзои ҳукумат, ки пас аз интихоботи президентӣ аз мансаб барканор шуданд, муддати 7 сол ба хотири рушди мамлакат ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи имрӯзаи ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби президент пешниҳод гардид, якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ шуд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки аъзои ҳукумат, ки пас аз интихоботи президентӣ аз мансаб барканор шуданд, муддати 7 сол ба хотири рушди мамлакат ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум софдилона хизмат карданд.

Мушовири перзидент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумон Ҷумъахон Давлатов фармонҳои президент дар бораи таъиноти нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳои давлатиро қироат намуда, зимни тасдиқи онҳо ба вазифа, нисбати ҳеҷ кадоме аз онҳо вакилон ягон саволе надоданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.