Анонс
– Мизи гирд доир ба муаррифии Нақшаи миллии амал дар бораи тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ барои солҳои 2013-2017. Макони баргузорӣ: Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, ошёнаи 2-юм. Оғоз соати 10:00;
– Дар меҳмонхонаи «Серена» бахшида ба мавзӯи гурезагон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7731
сомонӣ;
1
евро
– 6.4682
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1479
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон.
1923
– Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Низом Нурҷонов.
1932-1995
– Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром.
1961
– Зодрӯзи сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан эҳтимоли боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо будуни боришоти назаррас, дар доманакӯҳҳо эҳтимоли боридани барфи начандон зиёд дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -4+1.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, боридани барфи начандон зиёд дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
баъзан барфи начандон зиёд меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4-9, рӯзона -1+4; дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -4-9.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боридани барфи начандон зиёд дар назар буда, шабона ва субҳгоҳон туман мефарояд.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +1+3.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд, туман.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд, туман.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.



