Игор Сатторов хабари таркиш дар «ТАЛКО»-ро рад кард

Маъмурияти КВД « Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маълумоти як қатор васоити хабори умуми хориҷӣ дар бораи «таркиш дар яке аз коргоҳҳои корхона ва сар задани сӯхтор баъди он»-ро, ки гӯё аввали ҳамин моҳ рух додааст, рад мекунад. Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ин маълумотро қотеъона рад намуда, ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки […]

ASIA-Plus


Маъмурияти КВД « Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маълумоти як қатор васоити хабори умуми хориҷӣ дар бораи «таркиш дар яке аз коргоҳҳои корхона ва сар задани сӯхтор баъди он»-ро, ки гӯё аввали ҳамин моҳ рух додааст, рад мекунад.

Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ин маълумотро қотеъона рад намуда, ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «ин маълумот ҳеҷ асоси воқеӣ надорад».

Ба гуфтаи ӯ, тайи ҳафтаи ахир нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода қариб ҳамарӯза аз корхона боздид мекард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи сешанбе дар чанде аз расонаҳои хабарии интернетӣ дар бораи ҳодисаи

таркиш дар коргоҳи электролизии «ТАЛКО»

макълумотҳо интишор шуданд. Дар ин хабарҳо зикр мегардид, ки аз таркиш 17 нафар коргарони корхона осеб дида, дар бемористон бистарӣ шудаанд ва сабаби он сифати пасти ашёи хоми аз Озарбойҷон воридшуда будааст.

Ба иттилои ин сарчашмаҳои хабарӣ, зарари расида аз сӯхторро коршиносон беш аз 250 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ намуда, зикр кардаанд, ки корхона барои пешниҳоди даъво нисбати шариконаш аз Озарбойҷон омодагӣ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул

машварати корӣ

доир намуда, дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти истеҳсолии ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) ва таъмини мардум бо нерӯи барқу гармӣ дар фасли зимистон баррасӣ шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.