Кумаки ҲНИТ ба қишри камбизоати аҳолии Суғд

Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии дастгирии ятимон ва бепарасторон ба бештар аз ҳазор ятим ва хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин шуъба дар 16 шаҳру ноҳияи Суғд барои маъюбон ва бепарасторон кумак намуд, ки дар маҷмӯъ, беш аз як ҳазор нафар […]

ASIA-Plus


Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии дастгирии ятимон ва бепарасторон ба бештар аз ҳазор ятим ва хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин шуъба дар 16 шаҳру ноҳияи Суғд барои маъюбон ва бепарасторон кумак намуд, ки дар маҷмӯъ, беш аз як ҳазор нафар ин кумакро дастрас намуданд.

Илхомҷон Ёқубов, раиси шуъбаи мазкур гуфтааст, дар оянда ин кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд идома хоҳад ёфт. «Мо пас аз таҳлилу баррасӣ аз ҳама қишри осебпазири онҳоро муайян намуда, кумаки ҳармоҳа ташкил менамоем.” – иброз намудааст Илҳомҷон Ёқубов.

Қобили зикр аст, ки ахиран шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд тасмим гирифта буд, ки зиёда аз 3 тонна орд, беш аз як тонна биринҷ, 1 ҳазору 500 литр равған, 1,5 тонна қанду шакар, чой, ширинӣ ва макарон ба ятимон ва хонаводаҳои ниёзман тақсим намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.