Г.Сафиева: Агар Роғунро сохтанӣ мешуданд, аз шоирон маслиҳат намепурсиданд

Гулрухсор Сафиева, шоира, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар посух ба саволҳои корбарони сомонаи «Азия-Плюс» дар робита ба мухолифаташ нисбати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳор кард, ки агар «Роғун»-ро сохтанӣ мешуданд, аз ӯ дар ин бора маслиҳат намепурсиданд. «Роғун иншооти хурд ё назарногире нест, ки аз шоирон дар ин бора машварат бипурсанд. Нерӯгоҳи «Роғун» сиёсати […]

ASIA-Plus


Гулрухсор Сафиева, шоира, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар посух ба саволҳои корбарони сомонаи «Азия-Плюс» дар робита ба мухолифаташ нисбати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳор кард, ки агар «Роғун»-ро сохтанӣ мешуданд, аз ӯ дар ин бора маслиҳат намепурсиданд.

«Роғун иншооти хурд ё назарногире нест, ки аз шоирон дар ин бора машварат бипурсанд. Нерӯгоҳи «Роғун» сиёсати ҷаҳонӣ аст ва ин гуна сиёсат дар як рӯз ё ду рӯз рӯйи кор намеояд. Муддати 80 сол барои он мубориза мерафт», – иброз медорад ӯ.

Гулрухсор Сафиева зикр мекунад, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» набуд, баръакс «бештар аз ҳама касе онро мехост». «Ман танҳо аз баландии сарбанд хавотирӣ доштам», – шарҳ медиҳад шоира.

«Дар замоне, ки ҳар як порчаи замин дар кишвар ба қадри  тилло баробар буд, сарбанди баландиаш 350-метра барои мо талафоти бузург маҳсуб меёфт. Паҳлӯи дигари масъала дар он ифода меёфт, ки вазъи набототу ҳайвонот ва рӯдхонаҳои ин минтақа мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтаем, ки «Роғун» сохта нашавад. То кадом дараҷа содда мебояд буд, ки муддати тамоми ин солҳо як шоираро бо он гунаҳкор созем, ки ӯ ба сохтмони «Роғун» имкон надод. «Роғун»-ро бунёд мекунем. Тоҷикистони нави мутамаддин бояд нерӯгоҳи худро бисозад», – зикр кард ӯ.

Дар посух ба мунаққидони худ, ки дар бораи андеша ва шиорпартоиҳои миллатгароёнаи ӯ ибрози андеша карданд, шоира чунин мегӯяд: «Ман тарбиятгирандаи интернатам. Он ҷо дар деҳаи кӯҳистони худ миёни 500 нафар писарон ман ягона духтар будам. Омӯзгорони аввалини ман русҳо буданд. Ҳам дар адабиёту ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар забон. Ман ҳамеша назди забон, адабиёт ва фарҳангӣ русӣ сари таъзим фуруд меорам. Натанҳо нисбати русҳо, балки нисбати ягон миллате ман ҳисси миллатгаройӣ надорам, зеро кӯдакони интернат нисбати касе ҳисси бадбинӣ дошта наметавонанд. Ман худро бегуноҳ тарошиданӣ нестам. Бидуни айб гунаҳкор будан ба дилам зад», – изҳор мекунад Сафиева.

Матни пурраи мусоҳибаи шоира бо корбарони торнамои «Азия-Плюс»-ро

аз суроғаи зерин

дарёфт карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.