Баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирон дар ҳаҷми 8,5 млн. рубли русӣ


Аз тарафи намояндаги  хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар ҳаҷми 8 миллиону 958 ҳазор рубли русӣ  ба муҳоҷирони тоҷик музди меҳнаташон баргардонида шуд.

Тавре аз намояндагии хадамоти муҳоҷират ба «Азия плюс» хабар доданд, аз ин ҳаҷм нисбат ба соли гузашта 5 миллону 120 ҳазору 85 рубли русӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, бо мусоидати Намояндагӣ, ҳамчунин 11 адад қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Русия бо қарори мақомоти суди болоӣ бекор карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное