Хатлон: Ифтитоҳи масҷидҳои наву баста шудани мадрасаҳо

Соли равон дар маҳаллаҳои аҳолинишини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боз 10 масҷиди нав ба фаъолият шурӯъ намуда, акнун шумори умумии онҳо дар минтақа то 569 адад расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоби вилоятиХатлон Шариф Абдулҳамидов дар ин робита хабар дод, 7-то аз ин масоҷид ҷомеъ […]

Турко Дикаев


Соли равон дар маҳаллаҳои аҳолинишини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боз 10 масҷиди нав ба фаъолият шурӯъ намуда, акнун шумори умумии онҳо дар минтақа то 569 адад расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоби вилоятиХатлон Шариф Абдулҳамидов дар ин робита хабар дод, 7-то аз ин масоҷид ҷомеъ (марказӣ) буда, 51 ададаш масҷиди намози панҷгона (намози ҷумъа иҷозат дода шудааст) мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд хоҳишмандони сохтмони манзил дар минтақа зиёд бошанд ҳам, вале камбуди кадрҳои соҳитаҷрибаи умури дин яке аз мушкилоти ҳалношуда боқӣ мемонад. «Чанде қабл 8 нафар имомхатибон дар комиссияи аттестатисонии Шӯрои уламо сатҳи тахассуси касбии худро ҳифз карда натавонистанд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки пас аз ҳар яке аз чунин санҷишҳо аз кор озод шудани замрае аз имомхатибон сурат мегирад.

Сабаби чунин вазъро Абдулҳамидов ба сатҳи пасти тахассусии онҳо нисбат дода, ҳамчунин изҳор намуд, ки ба таври бояду шояд дар мадрасҳо роҳандозӣ нашудани таълими ходимони ояндаи дин низ аз ҷумлаи ин сабабҳост. «Бинобар сабаби номутобиқатии асноди фаннӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ ва номувофиқатии барномаи таълим, муддати беш аз ним сол аст, ки фаъолияти мадраса дар ноҳияи Ховалинг қатъ гардида, 178 нафар толибилмони он ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 бо сабабҳои ба ин монанд фаъолияти боз ду мадраса дар вилояти Хатлон – мадрасаи занона ва мардона дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ мутаваққиф гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.