Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ

Дар Чемпионати XIX-уми ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми декабр дар шахри Маскав баргузор шуд, варзишагри тоҷик Муин Гафуров ба гирифтани медали тиллои мусобиқот шарафёб гардид. Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зуҳур Нурмаҳмадов ва Ризвониддин Бурҳонов соҳиби медалҳои нуқра ва Файзӣ Тобатов медали бириниҷии мусобиқотро ба даст овард. Тавре дастандаркорони чорабинии мазкур зикр карданд, […]

ASIA-Plus


Дар Чемпионати XIX-уми ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми декабр дар шахри Маскав баргузор шуд, варзишагри тоҷик Муин Гафуров ба гирифтани медали тиллои мусобиқот шарафёб гардид.

Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зуҳур Нурмаҳмадов ва Ризвониддин Бурҳонов соҳиби медалҳои нуқра ва Файзӣ Тобатов медали бириниҷии мусобиқотро ба даст овард.

Тавре дастандаркорони чорабинии мазкур зикр карданд, ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот таконбахшӣ ба рушди самбои ҳарбӣ бо мақсади шомил кардани ин навъи варзиш ба барномаи олимпиада аст. Дар ин мусобиқот, ки дар маҷмааи варзишии маъруфи «Крыля Советов» доир гардид, 110 нафар варзишгарон аз 18 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Таҳти сарварии  варзишгари маъруф оид ба самбои ҳарбӣ Аъзам Хокиров дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқот варзишгарон – Анвар Одинаев (вазни 57 кило), Муин Гафуров (62 кило), Ризвониддин Бурҳонов (68 кило), Ҳазратулло Абдусаломов (74 кило), Зуҳур Нурмаҳмадов (82 кило) ва Файзӣ Тобатов (90 кило) намояндагӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.