КДАМ: Безараргардонии қочоқчиёни навбатии афғон дар марз

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 36-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Давлат Сафармамадовро боздошт ва аз ӯ ба миқдори 1 кило маводи нашъаовари героинро мусодира намуданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, соли 2003 Сафармамадов ба муҳлати 16 соли зиндон маҳкум гардида, соли 2011 […]

Аваз Юлдошев


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 36-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Давлат Сафармамадовро боздошт ва аз ӯ ба миқдори 1 кило маводи нашъаовари героинро мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, соли 2003 Сафармамадов ба муҳлати 16 соли зиндон маҳкум гардида, соли 2011 мутобиқи қонуни афв ба озодӣ баромада буд.

«Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ҳаммаслакони ӯ аз Афғонистон як миқдори навбатии маводи мухаддирро ба Тоҷикистон интиқол доданианд», – гуфтанд дар КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти махсус аз рӯи ин маълумот кормандони КДАМ се нафар қочоқбарони афғонро дар марз безарар гардонида, аз ҷойи ҳодиса 1 адад автомати Калашников ва 10 кило маводи нашъаовари афюн дарёфт намудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни як амалиёти дигар дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини шаҳри Кӯлоб Ҳоким Саидов боздошт шуда, аз автомашинаи ӯ 7 кило маводи нашъаовари афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

«Зимни тафтишот малум шуд, ки боздоштшуда ин миқдор мухаддиротро аз шаҳрванди Афғонистон Набиоллоҳ валади Ҳаким дастрас намуда, ба сокини ноҳияи Мастчоҳ Саидиқбол Ашрафов фурӯхтанӣ будааст», – иброз доштанд дар Кумита.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни амалиёти махсус дар қаламрави шаҳри Чкаловски вилояти Суғд низ як пинҳонгоҳе бо 8 килову 700 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт гардидааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон кормандони КДАМ ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 2 тоннаву 250 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.