Барои баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар масъалаи нигоҳдорӣ, тайёр намудан ва пошидани моеи зиддияхбандӣ ба ҳавопаймоҳо намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, барои гузаштани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба ФБД даъват шуд.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳмамадюсуф Шодиев хабар дод, Александр Черепанов аз 22 то 25 ноябр барои мутахассисони Хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ, ки бо омода намудани ҳавопаймоҳо барои парвоз дар сармо муваззафанд дарс гузашт.
«Дарсҳои назариявӣ мавзӯъҳои нигоҳдорӣ, ҳаҷм ва миқдор, дараҷаи моеъ ва тарзи пошидану риояи техникаи бехатариро дар бар гирифта, дарсҳои амалӣ бевосита аз пошидани моеи зидди яхбандӣ ба ҳавопаймо, риояи меъёрҳои техникӣ, миқдор ва риояи техникаи бехатариро иборат буданд», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, дар рафти дарсҳои назариявӣ ва амалӣ Александр Черепанов ба дараҷаи дониш ва кордонии мутахассисони «ФБД» баҳои баланд дода, гуфтааст: «Гумон надоштам, ки фурудгоҳи Душанбе дорои техникаҳои навтарин ва чунин мутахассисони варзида аст».
Бино ба иттилои Муҳиддин Муртазоев, муҳандис-технологи пешбари Хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ тайи чанд рӯзи дарсхонӣ 30 нафар мутахассис аз он 2 нафар инструктор, 4 нафар лаборант ва 24 нафар ронанда-оператор оид ба истифодабарии моеи зиддияхбандӣ соҳиби сертификати ширкати бонуфузи «Lufthansa» шуданд.
Қобили зикр аст, ки хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ яке аз хадамоти калонтарини «ФБД» ба шумор меравад. Базаи техникии хадамот дорои мошин ва механизмҳои зиёд буда аз он 50 адад техникаи махсус аст, ки дар мавсими сармо истифода мешавад.



