Истеҳсоли 230 ҳазор тонна семент дар КМ «Хуаксин Ғаюр семент» дар зарфи 2 моҳ

То аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ба маблағи умумии ҳудуди 95 млн. сомонӣ тақрибан 230 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва технологиҳои нави ҶТ, айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарӯза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ бо тамғаи сементи М-400 […]

ASIA-Plus


То аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ба маблағи умумии ҳудуди 95 млн. сомонӣ тақрибан 230 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва технологиҳои нави ҶТ, айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарӯза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ бо тамғаи сементи М-400 ва М-500 истеҳсол мекунад. «Бо истифода аз технологияи муосир хароҷоти ангишт ба як тонна клинкери истеҳсолшуда 140-160 кг-ро ташкил медиҳад», – гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Ба иттилои манбаъ, оғози фаъолияти корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» боиси бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани 534 нафар гардид, ки аз ин шумора 80%-ро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Барои истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 миллион тонна), гилхоки «Дарагӣ» (31 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2.2 миллион тонна) истифода бурда мешавад. Корхона бо 75% сармояи ширкати хитойӣ ва 25% сармояи ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон сохта шудааст.

Бояд қайд кард, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» истеҳсоли сементи ватанӣ афзуда, нархи 1 киллограмми он дар бозори дохилӣ аз 1,2 ба 0,8 сомонӣ паст фаромад.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи мазкур ахири моҳи сентябри соли равон бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.