Ибтикори соҳибкорони Мӯъминобод ҷиҳати ободонии диёри худ

Чанде қабл ҳудуди 70 нафар соҳибкорони ноҳияи Мӯъминобод бо раиси ноҳияи мазкур мулоқот карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Пирмад Зарифов хабар дод, ҳамаи соҳибкорон зодаи ҳамин ноҳия буда, дар вохӯрии аввал оид ба таъсиси Шӯрои сиёсати сармоягузорӣ дар назди раиси ноҳия тасмим гирифта шудааст. «Баъди 10 рӯз вохӯрии навбатӣ доир гардида, дар он […]

Турко Дикаев


Чанде қабл ҳудуди 70 нафар соҳибкорони ноҳияи Мӯъминобод бо раиси ноҳияи мазкур мулоқот карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Пирмад Зарифов хабар дод, ҳамаи соҳибкорон зодаи ҳамин ноҳия буда, дар вохӯрии аввал оид ба таъсиси Шӯрои сиёсати сармоягузорӣ дар назди раиси ноҳия тасмим гирифта шудааст. «Баъди 10 рӯз вохӯрии навбатӣ доир гардида, дар он соҳибкорон ташаббусу нақшаҳои худ дар ин самтро мушаххасан пешниҳод хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли раиси ноҳия, дар мулоқоти аввал мувофиқа ҳосил шудааст, ки воситаҳои баҳри рушди ноҳия сармоягузоришуда дар ихтиёри худи соҳикборон қарор хоҳанд дошт. «Дар вохӯрии навбатӣ пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот, толори варзишӣ, литсей, корхонаи асфалтбарорӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар буда, соҳибкорон ҳамчунин ба иқдомоти хайрия низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», – афзуд П.Зарифов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.