Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Бо мақсади таваҷҷуҳ ба мушкилоти поймолсозии ҳуқуқи журналистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷомеаи журналистии Тоҷикистон дар бораи эътирози сесоатаи огоҳкунанда тасмим гирифт. ВАО-и мустақили интернетӣ муддати се соат – аз соати 08:00 то 11:00 фаъолияти худро қатъ мекунанд;

– Ба оғози фаъолияти лоиҳаи Tonigh.tj 2 сол ва маҳфили шомгоҳии «Manhattan» 1 сол пур мешавад. Баҳри таҷлили ин ҷашнҳо дастандаркорон ҳамаро соати 21:00 ба «Manhattan»  даъват мекунанд. Барои бонувон воридшавӣ ройгон аст;

-Аз 26 то 30-юми декабр дар Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба билярд (саққобозӣ) миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад. Дар он 5 даста аз навоҳии тобеи марказ, ду дастагӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 1 дастагӣ аз вилояти Суғд ва ВМКБ ширкат меварзанд;



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7729

сомонӣ;


1

евро

– 6.4800

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.147


4



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1932

– Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.


1933

– Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.


1930

– Зодрӯзи олими адабиётшинос Саидумар Султонов.


1937

– Мавлуди доктори улуми физикаву математика Муҳаббат Каримова.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми кимиё, профессор Самариддин Каримов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -9-14, рӯзона -4+1;  дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -7-12.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.

spot_imgspot_img

Популярное