Насби камераҳои мушоҳидавӣ ба биноҳои ВКД, КДАМ ва Суди олӣ

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» биноҳи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди олӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз шуданд. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, насби камераҳои мушоҳидавӣ ба ин биноҳо ба таҳти назорат гирифтани қаламрави наздик ва гирду атрофи онҳо ва ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ шароити мусоид муҳайё месозад. […]

ASIA-Plus


Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» биноҳи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди олӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз шуданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, насби камераҳои мушоҳидавӣ ба ин биноҳо ба таҳти назорат гирифтани қаламрави наздик ва гирду атрофи онҳо ва ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ шароити мусоид муҳайё месозад.

«Бинои Сирки пойтахт ва маркази тиҷоратии «Гулистон» низ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд», – хабар медиҳад ВКД.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.