Шаби Соли нав лимити барқ бекор мешавад

Ширкати «Барқи тоҷик» муваққатан реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати фарорасии Соли нав тақдим мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати энергохолдингии кишвар хабар дод, шурӯъ аз соати 06:00-и субҳи 31-уми декабр то соати 23:00-и 1-уми январ интиқоли нерӯи барқ бидуни […]

Аваз Юлдошев


Ширкати «Барқи тоҷик» муваққатан реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати фарорасии Соли нав тақдим мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати энергохолдингии кишвар хабар дод, шурӯъ аз соати 06:00-и субҳи 31-уми декабр то соати 23:00-и 1-уми январ интиқоли нерӯи барқ бидуни маҳдудият ба тамоми истифодабарандагон ба таври мунтазам ва доимӣ дар саросари кишвар сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, аллакай аз 2-юми январ ба манотиқи кишвар нерӯи барқ тибқи реҷаи қаблан муқарраршуда – 9 соат дар як шабонарӯз амалӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар манотиқи кишварро ҷорӣ намуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.