Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба рӯйдодҳои фоҷеабор дар шаҳри Волгогради Русия, ки боиси ҳалокати нафарони зиёде шуд, ба президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон ин амалиёти ваҳшиёна қатъиян маҳкум гардида, зикр мегардад, ки Тоҷикистон саъю кӯшишҳоро барои […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба рӯйдодҳои фоҷеабор дар шаҳри Волгогради Русия, ки боиси ҳалокати нафарони зиёде шуд, ба президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон ин амалиёти ваҳшиёна қатъиян маҳкум гардида, зикр мегардад, ки Тоҷикистон саъю кӯшишҳоро барои муқовимати самарабахш бо чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар  зидди он мебошад.

Дар фарҷоми барқия ба президенти Русия тасаллияти амиқ иброз гардида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба осебдидагон орзуи ҳарчи зудтар шифо ёфтан баён мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.