Нархи миёнаи 1 тонна сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 239 $ поин рафт

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 325 ҳазору 751 тонна ба маблағи умумии 341 млн. 619 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳисоби муваққатан бекор шудани пардохти боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтии Русия, нархи миёнаи […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 325 ҳазору 751 тонна ба маблағи умумии 341 млн. 619 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳисоби муваққатан бекор шудани пардохти боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтии Русия, нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯхти воридшаванда ба кишвар 239 $, аз 1 ҳазору 288-и давоми моҳҳои январ-ноябр кунун то 1 ҳазору 49 $ поин рафт.

То ҳанӯз аз рӯи ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф боқӣ мемонад, ки ҳиссааш дар бозори умумӣ 45,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи Русия дар бозори умумӣ тибқи натиҷаҳои 11 моҳ ба 36,5%, Қазоқистон – 7,2%, Озарбойҷон -0,1% ва дигар кишварҳо – 4,9% баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ба Тоҷикистон 116,6 ҳазор тонна бензин, 126,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 50,6 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 5,9 ҳазор тонна мазут, 16,4 ҳазор тонна битум ва 9,7 ҳазор тонна равғанҳои мошинӣ оварда шудааст.

Аввали моҳи декабри ҳамин сол иттилоъ дода будем, ки яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – «Газпромнефт-Тоҷикистон» эълом дошт, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд

нархҳо поин рафтанд.

Созишнома таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистонро ҳукумати Тоҷикистон моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст. Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.