Тоҷикистониёни муқими Русия аз қурбониёни амалҳои террористӣ андӯҳгинанд

Тоҷикистониёни муқими Русия аз қурбониёни силсилаамалҳои террористӣ дар шаҳри Волгогради ин кишвар сахт андӯҳнин буда, ин амалҳоро маҳкум мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз субҳи имрӯз аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхона, фаъолони диаспораҳои тоҷикон, зиёиён ва муҳоҷирони корӣ қариб аз тамоми гӯшаву канори Русия ба […]

ASIA-Plus


Тоҷикистониёни муқими Русия аз қурбониёни силсилаамалҳои террористӣ дар шаҳри Волгогради ин кишвар сахт андӯҳнин буда, ин амалҳоро маҳкум мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз субҳи имрӯз аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхона, фаъолони диаспораҳои тоҷикон, зиёиён ва муҳоҷирони корӣ қариб аз тамоми гӯшаву канори Русия ба сафоратхона дар тамос шуда, изҳори таассуфу надомат мекунанд. «Онҳо чунин мешуморанд, ки ин амалҳои бераҳмона, пеш аз ҳама барои ноамн сохтани вазъ дар ҷомеаи сермиллати Русия, рахна андохтан ба асосҳои ин давлат, ки дар он намояндагони қавму миллатҳои гуногун ба сар мебаранд, равона шудаанд”, – иброз дошт номбурда.

Эгамзод чунин зикр кард: «Таассуфовару дардовар аст, ки дар ин ва дигар амалҳои қаблӣ дар Русия низ ҳамватанони мо, мардуми оддӣ ҳалоку шудаву осеб диданд. Ин дард ва фоҷеаи умумии мост. Умедворем, ки гунаҳкорони ин амалҳои фоҷебаор дарёфт ва тибқи қонун муҷозот мешаванд».

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 29-уми декабри соли равон дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград таркиш ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Субҳи имрӯз бошад, дар ин шаҳр боз як амали террористӣ анҷом дода шуд. Ин дафъа троллейбус мавриди инифиҷор қарор гирифта, 15 нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва тибқи маълумоти ахир, 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки миёни онҳо тифли 1-сола ҳам ҳузур дорад.

Дар амали террористии истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпӯлод Эргашевичи 53-сола

ҳалок

ва боз як шаҳрванди дигари ҷумҳурӣ – сокини шаҳри Душанбе Ғозиев Раҳмоналӣ Маликовичи 42-сола

ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ

бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии бемористон рақами 25-уми шаҳри Волгоград бистарӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.