Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Суғд бо иштироки раиси вилоят

Чанде қабл бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави дӯзандагиву бофандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шуда, он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро […]

ASIA-Plus


Чанде қабл бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави дӯзандагиву бофандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шуда, он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард.

Корхонаи навтаъсис, ки бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дорои бахшҳои дузандагиву бофандагӣ буда, дар он истеҳсоли 8 намуди либосҳои варзишӣ пешбинӣ мешавад. Ба иттилои роҳбарияти корхона иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 10 ҳазор дона либоси варзишӣ баробар буда, он ба  ба кишварҳои Русияву Украина содирот хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар шаҳр боз 15 адад корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 2000 нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин гардиданд. Айни замон шумори умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд 87 адад мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.