Сафорати Русия ба кӯдакони тоҷик 1538 туҳфаи солинавӣ тақдим кард

Ҳамсари сафири Русия дар Тоҷикистон Елена Лякина-Фролова дар остонаи Соли нави милодӣ аз дармонгоҳи кӯдаконаи табобати бемориҳои сили ноҳияи Шаҳринав боздид намуда, зимни вохӯрӣ бо кӯдакон онҳоро табрик ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар медиҳад. Ҳамсари сафири Русия ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии кӯдакон, ки аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Ҳамсари сафири Русия дар Тоҷикистон Елена Лякина-Фролова дар остонаи Соли нави милодӣ аз дармонгоҳи кӯдаконаи табобати бемориҳои сили ноҳияи Шаҳринав боздид намуда, зимни вохӯрӣ бо кӯдакон онҳоро табрик ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар медиҳад.

Ҳамсари сафири Русия ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии кӯдакон, ки аз ҷониби маркази миллии фарҳангии тотору бошқирдии «Дӯстлик» созмон дода шуда буд, низ ширкат варзида, ба иштирокчиёни он туҳфаҳои солинавии сафоратхонаи Русияро супурд.

Ба иттилои манбаъ, сафоратхона ҳамчунин ҷиҳати дастрасии билетҳо ба чорабиниҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон ва тӯҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакони ҳамватанон дар вилояти Хатлон кӯмаки молӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни иқдомҳои хайрияи сафоратхона дар арафаи Соли нав ба кӯдакон дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 97 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллари ИМА) туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.